ВУСЪАТИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои созандагию бунёдкорӣ бо вусъати том идома доранд. Дар шаҳри Кӯлоб дар рӯзҳои истироҳатӣ кормандони ҳамаи соҳаҳо ба ҳашари умумихалқӣ баромада ба шинонидани гулу бутта ва дарахтони ороишию сояафкан машғул мешаванд. Дар баробари ин дар шаҳр бунёди як қатор иншооти маданию маишӣ суръати тоза гирифтааст. Бинои мактаб барои 1200 нафар хонанда дар маркази шаҳр аз шумули иншооти ҷашнӣ буда, мувофиқи нақша сохтмони он бояд то моҳи август ба анҷом расад. Барои бунёди ин иншоот 10 ташкилоту ширкати сохтмонӣ ҷалб гардидаанд. Айни замон бинокорони корхонаи сайёри механиконидашудаи № 12 сохтмони синфхонаҳои ошёнаи дуюмро шурӯъ намудаанд. Бояд гуфт, ки солҳои қаблӣ соҳибкорони маҳалӣ бештар ба тиҷорат машғул буданд ва боиси хушнудист, ки солҳои охир онҳо ба сохтмони иншооти маишию маданӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамоянд. Аксари иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии мақомоти маҳалӣ аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкорони алоҳида бунёд мешаванд. Ба феҳристи иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Кӯлоб бунёди мағозаву марказҳои савдо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, марказҳои дилхушиву варзишӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии хуштарҳу замонавӣ шомиланд, ки қомат афрохтани онҳо агар аз як ҷониб ба ҳусни шаҳр шукӯҳи хоса зам намояд, аз сӯи дигар баробари ба фаъолият пардохтани онҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта шаҳрвандони зиёд бо ҷойи кор фаро гирифта мешванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






