ЁДЕ АЗ АДИБИ ТАВОНОИ ТОҶИК
Душанбе, 28 феврал.(АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин).- Ба ифтихори 100- солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода рисолаи дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Эмомалӣ бо номи «Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ» рӯи чоп омад, ки дар он ҳунари нависанда дар офаридани қаҳрамонони таърихӣ ва чеҳраҳои адабию фарҳангӣ, инчунин, маҳорати тарҷумонии адиб таҳқиқ шудааст. Сироҷиддин Эмомалӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳаёту фаъолияти Сотим Улуғзода ва осори адабии ӯро бо мисолҳои мушаххас нишон додааст. Зикр кардан ба маврид аст, ки Сотим Улуғзода муаллифи романҳои «Восеъ», «Ривояти суғдӣ», «Фирдавсӣ» ва даҳҳо асарҳои дигар мебошад. Рисолаи мазкур беҳтарин армуғонест ба ҷашни зодрӯзи нависандаи нотакрори адабиёти тоҷик Сотим Улуғзода.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






