ЗАБОН ДОНӢ, ҶАҲОН ДОНӢ
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии омӯзиш ва такмили забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон толори компютерии донишкада ба шабакаи байналмилалии Интернет пайваст шуд, ки он ба донишҷӯён ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дастрасӣ ба дигар адабиёту иттилоот имконияти мусоидро фароҳам овардааст. Назар ба иттилои ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон Нозимҷон Нидоев, ҳамзамон ду дастури таълимӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ нашр гардид, ки бобати баланд бардоштани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба донишҷӯён ва беҳтар гардонидани сатҳи забономӯзии онҳо мусоидат менамояд. Мавсуф афзуд, ки сатҳи омӯзиш ва забондонии донишҷӯёни Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дар қиёс ба солҳои қаблӣ беҳтар гардидааст, ки ин раванд аз масъулиятшиносӣ ва андешидани тадбирҳои зарурии ҳайати устодони донишкада бобати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ки яке аз муҳимтарин талаботи ҷомеаи муосир аст, шаҳодат медиҳад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






