ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТ НАРХРО КОҲИШ МЕДИҲАД

Февраль 14, 2011 14:19

  Душанбе, 14 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ояндаи наздик бо таҷдиди сохтори КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» КВД «Шоҳмансур», «Баракат» ва «Деҳқон» таъсис дода шуда, барои захираи маҳсулот дар бозорҳо мутаносибан захирагоҳи собиқ бозори «Баракат» ба бозори «Саховат», КВД «Фароғат» ба бозори «Деҳқон» ва Лучоб ба бозори «Шоҳмансур» вобаста мешаванд.    Ин масъала дар ҷаласае, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба ғановати бозори истеъмолӣ ва коҳиш додани болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои пойтахт баргузор шуд, баррасӣ гардид. Ин тадбир бо мақсади баланд бардоштани масъулияти директорони бозорҳое, ки ба моликияти коммуналии шаҳр мансуб мебошанд, андешида шуда, инчунин барои ташкили фаъолияти бонизом, захираи саривақтӣ ва пешниҳоди маҳсулот дар чор фасли сол бо нархҳои воқеӣ ба истеъмолкунандагон мусоидат менамояд.   Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов вобаста ба ин масъала А. Ризоев директори кулли КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе», ки ҳамзамон роҳбари Корхонаи фаръии «Бозори Шоҳмансур» аст, муваззаф гардид, ки барои таъсиси хоҷагиҳои ёрирасони захиракунандаи маҳсулот тадбирҳои амалӣ андешад.

Февраль 14, 2011 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад