ЗИМИСТОНИ НАРМИ ПОМИР

Февраль 9, 2011 16:22

Хоруғ,   9 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). –  Зимистони   соли  ҷорӣ дар ВМКБ  хеле  гарму  нарм мегузарад. Тавре  аз  шӯъбаи  саноати  мақомоти  маҳаллии ҳокимияти  давлатии ВМКБ  иттилоъ  доданд, мавсими  зимистони  имсола бо  омодагии комил  шурӯъ  гардид.  Барои  муассисаҳои  соҳаи  иҷтимоии  вилоят   ба  миқдори 8645 тонна  ангиштсанг ва  13 343  метри   кубӣ  ҳезум  захира   гардид, ки  нисбат  ба  соли  2009 – ум  1,5 баробар  зиёд  аст. Ба  хотири  мунтазам  дастрас  намудани ангиштсанг ва  гази  моеъ дар вилоят ба  аҳолӣ 60  бунгоҳи фурӯши  ангиштсанг ва 11  бунгоҳи  фурӯши  гази   моеъ хизмат мерасонанд.

Февраль 9, 2011 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш