ЗОТИ БУЗҲОИ СЕРПАШМИ ТОҶИКӢ БАРҚАРОР МЕШАВАД
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Бино ба иттилои котиби илмии АИК ҶТ Давлатҷон Комилзода, Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ дар самти такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии бузҳои зоти серпашми тоҷикӣ бори аввал бо мақсади таҳияи стандарти миллӣ 700 намунаи пашми бузҳои зоти серпашми тоҷикиро бо дастгирии ташкилоти ИКАРДА ба озмоишгоҳи ҷаҳонии санҷиши пашм ирсол намуд. Муайян гардид, ки сифати пашми бузҳои тоҷикї ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Доир ба офаридани бузҳои навъи сафедтибити помирӣ аз ФР 8 сар такаи хушзоти Олтои Кӯҳӣ ба ҷумҳурӣ ворид гардид. Барои афзоиш додани ин навъи бузҳо такаҳо ба ноҳияи Ишкошими ВМКБ интиқол дода шуданд. Натиҷаи хушзотшавии ин навъи бузҳо баъди гирифтани насли онҳо моҳҳои апрелу майи соли ҷорї маълум хоҳад шуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






