ЗУҲУРОВ ДАР АБУДАБӢ АЪЗОИ ШИПДАСКИ ГАРДИД

Февраль 7, 2011 13:53

      Душанбе, 7 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви  Шӯрои Иттиҳоди парлумонии давлатҳои  аъзои Созмони конфронси исломӣ  /ШИПДАСКИ/ интихоб гардид.      Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳамзамон дар иҷлосияи 13-уми Иттиҳоди парлумонии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ, ки дар Абудабӣ /Амороти  Муттаҳидаи Араб/ баргузор шуд, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мирганд Шабозов узви Шӯро оид ба корҳои ташкилии ИПДАСКИ интихоб шуд.   Дар иҷлосия ва ҷаласаҳои кумитаи ИПДАСКИ тақвияти ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои афзалиятноки кишварҳои узви Иттиҳоди парлумонии Созмони конфронси исломӣ баррасӣ гардид.            Иштирокчиёни иҷлосияи 13-уми Иттиҳоди парлумонии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ мавқеи Тоҷикистонро дар амнияти минтақа, хусусан суботи Афғонистон муҳим арзёбӣ намуданд.

Февраль 7, 2011 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд