ҒОЛИБОНИ САФЕДОРАК
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Аз 11 то 13 марти соли равон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ дар мавзеи Сафедораки ноҳияи Варзоб доир гардид, ки дар он 65 нафар варзишгар, аз ҷумла як нафар духтар ширкат варзиданд. Ҳамин тариқ, Ашрафи Саидакбар аз дастаи Вармоник ҷойи аввал, Маҳмудҷони Саидакбар аз дастаи Сафедорак ҷойи дуюм ва Муҳаммади Хайрулло аз дастаи Вармоник ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Инчунин, миёни кӯдакон Баракати Шамсулло аз дастаи Сафедорак, дар байни наврасон Қадриддини Шарофиддин аз дастаи Роғ — 2, дар байни ҷавонон Амриддини Шарофиддин аз дастаи Роғ — 1, дар байни калонсолон Қудратов Алишер аз дастаи Роғ — 1 соҳиби ҷойи аввал гардиданд. Маълумоти мазкур аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дастрас гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






