ҚОНУНИ НАВ БО ҶИНОЯТКОРӢ МУБОРИЗА МЕБАРАД
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ» мутобиқ намудани он ба меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъмини афзалияти ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти давлат аз хатарҳои ҷаҳонӣ, бахусус ҷиноятҳои трансмиллӣ мебошад», гуфт зимни баррасии ин қонун вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал-полковник Абдураҳим Қаҳҳоров. Бояд тазаккур дод, ки қонуни мазкур, ки аз ҷониби палатаи поёнии парлумони мамлакат қабул шуд, аз 7 боб ва 25 модда иборат буда, ҳанӯз 13 сол муқаддам- соли 1998 қабул гардида, то ин вақт ба он 9 маротиба тағйиру илова ворид шудааст. Қонун масъалаҳои марбут ба фаъолияти оперативӣ -ҷустуҷӯиро дар мамлакат ба танзим медарорад. Бо қабули қонуни мазкур ҳамзамон, зарурат пеш омад, ки вакилон ба 6 қонуни дигар- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» ва ба Кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ ва гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






