ҲАДЯИ ЭРОН БА ГАНҶИНАИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 25 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Фардо 20 ҳазор китобҳои гуногуни илмӣ, таърихӣ ва адабӣ дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҳадя мегарданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Шариф Тошев, директори Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ иттилоъ дод. Дар назар аст, ки дар маросими супоридани китобҳо вазирони фарҳанги ҳар ду кишвари форсизабон –Тоҷикистон ва Эрон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Сайидмуҳаммад Ҳусайнӣ, ки бо ҳайати 110 нафара ба Душанбе ташриф овардааст, иштирок менамоянд. Назар ба иттилои атташеи фарҳангии сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамзамон, албомҳо, китобҳои электронӣ ва дигар технологияи муосири марбут ба бахши китобдорӣ ҳадя мегардад. Инчунин, ба китобхонаҳои шаҳрҳои Кӯлоб ва Хуҷанд низ адабиёти гуногун тақдим мешавад. Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ намоиш ва фурӯши китоб ва дигар адабиёте, ки дар Эрон нашр гардидаанд, созмон дода шудааст. Дар чаҳорчӯби баргузории Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон, ки ҳадафаш густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон аст, дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ намоиши аксҳо, наққошӣ, ҳунари хушнависӣ, маҳфилҳои адабӣ бо иштироки аҳли илму адаб, инчунин, намоиши филмҳои ҳунарӣ ва намоишномаҳои театрӣ баргузор мегарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






