7 ҲАЗОР МОШИНИ СИЁҲШИША

Март 11, 2011 09:27

      Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфти сардори маркази матбуоти Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе, полковники милиса Шерафган Латипов,  дар пойтахт   «Амалиёти сиёҳшиша» идома дорад. Дар давоми ду моҳи соли 2011 30 мошини сабукрав бо ҷурми надоштани иҷозатнома барои сиёҳ намудани шиша ва барои   дар кӯчаҳои шаҳр ҳаракат намудан  бо иҷозатномаи мӯҳлаташ  гузашта   ба ҷаримагоҳи ВКД бурда шуд.       Ба иттилои ҳамин манбаъ, онҳое, ки ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ медиҳанд, ба маблағи 4 ҳазору 375 сомонӣ, ки наздик ба 1000 доллари амрикоӣ мебошад ҷарима шуда, маблағи он ба суратҳисоби  сохтмони нерӯгоҳи Роғун гузаронида мешавад.      Дар соли 2010 ҳамагӣ 7 ҳазор нафар ронандагони мошинҳои сабукрави шахсӣ иҷозатномаи  махсуси бо шишаҳои сиёҳ гаштанро дарёфт карданд, ки маблағи умумии он 15  млн. 750 ҳазор сомониро ташкил дод ва он пурра тавассути хазинадори Вазорати молияи Тоҷикистон ба суратҳисоби сохтмони нерӯгоҳи Роғун гузаронида шуд.                Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2010 ба Кодекси маъмурии қоидавайронкунӣ тағйиру иловаҳо ворид  шуд, ки тибқи он нархи иҷозатномаи ҳаракат бо мошинҳои сиёҳшиша 2 ҳазору 250 сомонӣ барои як сол пешбинӣ шудааст.

Март 11, 2011 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад