АВВАЛИН ТАҶРИБАИ ШИМОЛ ДАР ҶАНУБ
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кооперативи истеҳсолии «Қалъаи Пучқоқ» аз хоҷагиҳои пешсафи соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон маҳсуб ёфта, фаъолияти худро дар самти пахтакорӣ, боғдорӣ ва истеҳсоли сабзавот ба роҳ мондааст. Меҳнаткашони хоҷагии мазкур соли ҷорӣ дар майдони 8,5 га боғи нави зардолу, шафтолу, бодом, чормағз ва анор бунёд намуданд. Ниҳолҳои навъи беҳтарин аз ноҳияи Исфара, шаҳри Қурғонтеппа ва хоҷагии ниҳолпарварии «Навниҳол» дастрас гардиданд. Бояд гуфт, ки роҳбари хоҷагии мазкур Н.Валиев соли гузашта аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат бо унвони «Боғдори беҳтарин» сазовор дониста шуд. Ӯ аввалин шуда дар қисмати ҷануби кишвар таҷрибаи хушк намудани зардолу ва дигар меваҳоро бо усули пешқадам ба роҳ монд. Ёдовар мешавем, ки баробари бунёди боғи нав зиёда аз 30 нафар аҳолии ноҳия бо ҷойи кор ва маоши мувофиқ таъмин гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






