АЗ РӮИ МЕЪЁР ДОДАНИ БАРҚ БЕКОР НАШУДААСТ
Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Ширкати саҳомии холдингии шакли кушода (ШСХК) –и «Барқи тоҷик» аз 21 –уми феврали соли ҷорӣ бо сабаби кам шудани оби обанбори Норак додани барқи рӯзонаро бекор кард. Айни ҳол маҳдудияти додани барқ аз соати 22 то 5 –и пагоҳӣ ва аз соати 10 -и пагоҳӣ то 5 –и бегоҳ нигоҳ дошта шудааст. Ба гуфти кормандони мутасаддии ширкати мазкур, меъёри муқарраргардида танҳо баъди зиёд шудани оби Вахш бекор мешавад. Бо сард шудани ҳавои охири феврал ва аввалҳои моҳи март маҷрои дарёи Вахш кам гардид ва дар як шабонарӯз барои истеҳсол намудани 55 – 56 млн. кВт/ соат нерӯи барқ оби обанбор то 68 см. паст мефарояд ва ин боис шудааст, ки аз рӯи меъёр додани нерӯи барқ идома ёбад. Боиси тазаккур аст, ки аз 3 -юми ноябри соли 2010 то 21 –уми феврали соли ҷорӣ ҳамаи ноҳияҳо ба ҳисоби миёна 10 – 12 соат бо барқ таъмин карда шуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






