АЗМИ НИҲОЛПАРВАРОНИ ВАҲДАТ

Март 4, 2011 08:57

 Ваҳдат,  4 март. (АМИТ «Ховар», Зебо  Давлатова). – Тавре    роҳбари  хоҷагии  ниҳолпарварии  шаҳри  Ваҳдат Неъматулло  Назаров  ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод, имсол ниҳолпарварони хоҷагӣ  бахшида  ба  иди  Наврӯз  170 ҳазор бех  ниҳол пешкаши  харидорон  намуданд. Дар  хоҷагии  ниҳолпарварӣ  тамоми  намудҳои  дарахтони  мевадиҳанда,  аз ҷумла  себу  нок,  зардолую  шафтолу,  бодому  чормағз   парвариш  меёбанд. Хоҷагии мазкур ба харидорон ниҳоли дарахтони  сояафкану ороишии  ҳамешасабз  низ пешниҳод менамояд.   Тибқи  нақшаи  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Кумитаи  муҳити   зист  ва хоҷагии  ҷангали  Ҷумҳурии  Тоҷикистон имсол дар хоҷагии  ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат 300 ҳазор  бех  дарахтони  бодому  чормағз, ки  ба  муҳити  кӯҳистон  тобоваранд,   шинонида  мешаванд. 

Март 4, 2011 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд