«БАХТОФАРИН» — ГУЛДАСТАИ МЕҲРИ АДИБОНИ ТОҶИК
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ба истиқболи 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти «Адиб» китоби пурмӯҳтавоеро бо номи «Бахтофарин» — гулдастаи меҳри адибони тоҷик ба табъ расонид. Дар китоб шеъру мақола ва очеркҳое гирд омадаанд, ки дар онҳо нақши таърихии фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва хидматҳои арзандаи ӯ дар роҳи истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ, боло бурдани худшиносию худогоҳии мардум, пешрафти иқтисодиёт ва маънавиёт, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти ғизоӣ тараннум шудаанд. Дар маҷмӯа навиштаҳои пур аз муҳаббату садоқати беолоиши қаламкашони кишвар ҷамъ омадаанд. Шоир Гулназар дар сарсухани китоб мегӯяд: «Сухангӯён забони халқи хешанд ва ҳарчи мегӯянд, аз номи халқи хеш мегӯянд. Медонем, ки чакидаҳои қалами мо дар баробари хидматҳои бесобиқа ва таърихии Сарвари Давлат, қаҳрамони барҳаққи миллат кироӣ нестанд. Аммо умр дар пеш аст…» Маҷмӯаи дастҷамъии «Бахтофарин» дар арафаи ҷашни мубораки 20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон тӯҳфаи хоксоронаи аҳли адаби тоҷик, гулдастаи меҳру ихлоси шоирону нависандагон ба фарзанди шарафманди миллат аст, ки кишварро ободу зебо гардонидааст. Итминон дорем накҳати ин гулдастаи тару тоза машоми ҳамагонро муаттар месозад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид






