БЕНАЗОРАТИИ НАРХ ДАР БОЗОРҲОИ ШАҲР
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Имрӯзҳо харидорони оддии шаҳри Душанбе фаҳмидан мехоҳанд, ки дар боло бурдани нархи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ кӣ сабабгор аст? Дар сурате ки дар ҷумҳурӣ таи ду – се соли охир маҳсулоти рекордии пахта, картошка ва сабзавот истеҳсол карда шудааст. Cабабе, ки боиси боло рафтани нарх мегардад, ин баргузории ҷашну маъракаҳост, ки дар ин рӯзҳо нарх аз тарафи қаллобон ба таври ғайримуташаккил (стихиявӣ) боло бардошта шуда, минбаъд дар ҳамон сатҳ нигоҳ дошта мешавад. Масалан агар дар ҷашни иди Қурбон нархи 1кг гӯшт 22 сомонӣ зиёд шуда бошад, дар иди Наврӯз нархи чакка ва дигар маҳсулоти ширӣ боло рафтааст. Масалан агар чанд рӯз пеш аз ид нархи 1кг чакка 9 сомонӣ арзиш дошт, он дар рӯзҳои ид ба 11 – 12 сомонӣ расид ва агар назорати бозор аз тарафи масъулин ҳамин тавр давом ёбад баъди як ҳафта нархи чакка ба нархи гӯшт баробар хоҳад шуд. Нархро меҳнати ба маҳсулот сарфшуда муайян мекунад ва тавре мебинем имрӯзҳо барои меҳнати сарфнашуда дар маҳсулоти пӯдинаю бобуна, ҷағ – ҷағу сиёҳалаф ҳам нархҳои осмонӣ монда мешавад, ки он рӯз то рӯз ба беқурбшавии асъори миллӣ оварда мерасонад. Пас саволи матраҳи мо ба комиссияи таъсис додаи ҳукумати шаҳри Душанбе оид ба назорати нарх ин аст, дар мавриде ки нархи 1 кг карам ба 5 сомонӣ, 1кг лаблабу 6, 1 кг картошка 2, 1 кг пиёз 2,5 – 3 сомонӣ, нархи як банча сирпиёз (иборат аз 3 дона) 2 сомонӣ, як банча шалғамчаи сурх (4 дона) ба 2,5 сомонӣ расидааст, онҳо чиро назорат мекунанд? Аз ин маълум мегардад, ки танҳо ҳаннотӣ сабаби беқурбшавии асъори миллӣ дар кишвар мегардад ва пешгирии амали носавоби онҳо сабаби мӯътадил нигоҳ доштани пули миллӣ хоҳад буд.








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






