БОЗДОШТИ ШАҲРВАНДИ АФҒОНИСТОН БО 36 КГ 360 ГР НАШЪА
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор муборизаро пурзӯр менамоянд. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 2 марти соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон истиқоматкунандаи улусволии Хонаободи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Гулҳаддин валади Маҳмаддин, соли таваллудаш 1976-ро бо гумони даст доштан дар интиқоли маводи мухаддир боздошт намуданд. Ҳангоми кофтуков аз борхалтаи номбурда 34 килограмму 680 грамм бангдона ва 1 килограмму 680 грамм героин ёфт ва мусодира гардид. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






