ЧОРВОДОРӢ СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК

Март 17, 2011 09:23

    Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). —  Чорводорӣ  аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагидорӣ дар ҶТ маҳсуб меёбад, ки тавассути он аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа, аз ҷумла гӯшт, шир, тухм ва асал таъмин мегардад.    Тибқи маълумоти фаврии Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ дар соли 2010 саршумори чорвои майда   307 ҳазору 797  сарро ташкил дод. Пешбинӣ шудааст, ки дар соли 2011 саршумори чорвои майда ба 309 ҳазору 871 сар мерасад.    То 11 –уми марти соли 2011 дар ҳамаи хоҷагиҳои давлатӣ ва ҷамоавӣ 92 ҳазору  420 сар насл гирифта шуд, ки он баробари 102 фоизи нақша мебошад.    То 11-уми марти соли ҷорӣ   наслгирӣ дар вилояти Хатлон ба 63 ҳазору 932 сар, вилояти Суғд 12 ҳазору 625 сар, ВМКБ 326 ва дар НТҶ ба 15 ҳазору 537 сар расид.    Наслгирӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои  чорвопарвари ҷумҳурӣ идома дорад. 

Март 17, 2011 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд