ДАР ДУ МОҲ 1,5 МЛН. СОМОНӢ МАҲСУЛОТИ МОҲӢ
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ – феврали соли 2011- ум 1,5 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 ба миқдори 2,4 баробар зиёд аст. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, дар моҳҳои январ – феврали соли 2011 дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ 93 тонна моҳӣ сайд карда шуд. Аз ҷумла дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон дар давоми ду моҳи аввли соли ҷорӣ ба миқдори 80 тонна ва дар вилояти Суғд 13 тонна моҳӣ сайд карда шудааст, ки 37,5 фоизи онро моҳиҳои намуди пешонағафс (толстолобик), 12,4 фоизашро зағорамоҳӣ ва 50,1 фоизашро дигар намуди моҳиҳо ташкил доданд. Бо вуҷуди сайди зиёди моҳӣ, ҳанӯз нархи он дар бозор дархӯрди ҳамагнон нест.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






