ДАСТИ ДУОИ МОДАР
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Санаи 4 марти соли равон дар толори Маркази фарҳангии ҷавонони Тоҷикистон «Ориёно» бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат дар самти эҳё ва гиромидошти арзишҳои миллӣ дар доираи Барномаи давлатии «Ҷавонони Тоҷикистон» маҳфил -озмуни фарҳангии «Дасти дуои модар» бо ҷалби васеи донишҷӯдухтарони мактабҳои олии пойтахт баргузор мегардад. Иштирокчиёни беҳтарин ва ғолибони маҳфил-озмуни мазкур аз тарафи ташкилкунандагони чорабинӣ бо тӯҳфаҳои рамзӣ қадрдонӣ мешаванд. Иттилои мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






