ЭҲЁИ ДУБОРАИ ТАМОКУПАРВАРӢ ДАР ПАНҶАКЕНТУ АЙНӢ
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи тамокупарварӣ ва амалӣ гардонидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи тамокупарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 — 2015» қарори махсуси раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба тасвиб расид. Мутобиқи ин қарор нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи рушди соҳаи тамокупарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 — 2015» дар вилояти Суғд тасдиқ гардид. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Сарраёсати кишоварзии вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ вазифадор гардиданд бо роҳи истифодаи технологияи интенсивии парвариши тамоку тӯли солҳои 2011 — 2015 на камтар аз 23 — 25 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Ҳамчунин, хоҷагиҳои тамокупарвари ин минтақа бо тухмиҳои навъҳои тамокуи хушбӯи «Вирҷиний», «Остролист» ва «Дюбек» таъмин мешаванд. Кумитаи заминсозии вилоят, Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби вилоят, Сарраёсати кишоварзии вилоят дар ҳамҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ ҷиҳати аз худ намудани заминҳои нав барои зиёд намудани майдони кишти тамоку аз ҳисоби обёрикунии заминҳои бекорхобидаи кӯҳӣ, ки дар баландии 1200 — 1400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд, тадбирҳои амалӣ меандешанд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






