ЭЙ ХУШО АЙЁМИ НАВРӮЗ МЕРАСАД…

Март 17, 2011 17:13

Турсунзода, 17 март. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). — Дар ҷамоати Қаратоғи ноҳияи Турсунзода базми бошукӯҳи Наврӯзӣ баргузор гардид. Сокинони ҷамоати мазкур ин тантанаро хотирмон   истиқбол гирифтанд. Ороиши дастурхон бо риояи  тамоми суннатҳои наврӯзӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, шеърхонӣ ва рақсу сурудҳои ҷолиб табъи ҳозиринро хуш намуд.  Ҳозиринро раиси шаҳри Турсунзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадов   бо оғози кишту кор ва айёми Наврӯзи дилафрӯз табрик гуфт. Ҳамчунин, раиси шаҳр ба ду   ҷуфт навхонадор шаҳодатномаи ақди никоҳро супорида, ба 27 нафар писарбачагоне, ки   тӯи хатна мешуданд,    тӯҳфаҳо тақдим намуд.

Март 17, 2011 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад