ФАХРИ ЭРОН ДАР БОРБАД
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи модар 3 март дар муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии молҳои саноатӣ ифтитоҳ ёфт. Ин чорабинӣ бо ибтикори Палатаи савдою саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати намоишгоҳии «Сурӯши Хуросон»-и Эрон бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ масъулини Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони масъули Сафорати Эрон дар Душанбе ширкат намуданд. Назар ба иттилои намояндаи масъули ширкати намоишгоҳии «Сурӯши Хуросон» Муҳаммад Умронӣ, ҳадафи намоишгоҳ тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон аст. Дар намоишгоҳ 25 ширкати саноатии Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон маҳсули ҳунарҳои дастӣ, ҷавоҳироту атриёт, қолин, маводи тиббӣ, маҳсулоти хӯрокӣ ва маводу таҷҳизоти гуногуни сохтмониро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. Хусусан, ширкатҳои эронии «Фахри Эрон», «АВЕ», «Оротан» «Зармакарон», ки дар бахши истеҳсоли маҳсулоти хӯрокӣ, маводи тиббӣ, қолин ва ҷавоҳирот машҳуранд, дар намоишгоҳ иштироки фаъол доранд. Намоишгоҳ то 8 март идома ёфта, шаҳрвандон имкон доранд молҳои ниёзи худро дастрас намоянд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






