КОР МЕХОҲӢ-БА “ОРИЁНО” БИЁ

Март 4, 2011 16:27

Душанбе, 4 март.  (АМИТ «Ховар»,  Мавзуна Бойева).-  4-уми марти соли 2011 аз ҷониби Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои он дар ноҳияҳои   Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино дар  бинои  Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон- «Ориёно»  ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кории  холӣ ва вазифаҳои озод баргузор  гардид. Маълумоти мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шўъбаи   робитаҳои  байналмилалӣ  ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии   Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид.                                                                          Дар  ярмарка 35 корхонаю муассисаҳои шаҳри Душанбе иштирок ва ба корҷўён 1931  ҷойи кори холиро пешниҳод намуданд. Дар ярмаркаи мазкур ба 44  нафар корҷўй  барои кор ва ба 8 нафар  барои  омўзиши    касбҳо  роҳхат дода шуд. Дар рафти ярмарка зиёда аз 465 нафар шаҳрвандони корҷўй ва бекор иштирок намуданд.

Март 4, 2011 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст