КОРОМӮЗӢ БА ҶАВОНОН

Март 3, 2011 16:02

Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар ҳамкорӣ бо лоиҳа оид ба рафти татбиқи компоненти дуюми Барномаи «Ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ ва шуғли ҷавонони Тоҷикистон» таҷрибаомӯзии соҳибкорони ҷавон ва ҷавонони бекор дар корхонаю муассисаҳо анҷом ёфт. Мавриди зикр аст, ки омӯзиши талаботи  бозорро ба назар гирифта, 10 ихтисоси муҳим байни  ҷавонон  тарғиб ва омӯзонида шуд. Аз ҷумла, омӯзиши касбҳои  дӯзандагӣ -26,69%, тарзи тайёр намудани хӯришҳо – 21,35%, тарзи пухтани маҳсулоти қаннодӣ-21,71%, тарзи кӯтоҳ  кардан ва оро додани мӯйи сар – 14,23%, рангзании мошинҳо – 19,22%, челонгарии автомобилҳо – 13,88%, кафшегари газ ва барқ- 10,32%, харротӣ — 7,12% ва навгониҳои компютерӣ, савдогарӣ, ронандагӣ ва ғайра – 17,08% ба роҳ монда шуд. Инчунин, баргузории озмунҳои тиҷоратӣ дар ноҳияҳои пилотии интихобшуда- ноҳияҳои Ҳисор, Данғара ва шаҳри Исфара ба роҳ монда шуд. Ёдовар мешавем, ки аз 3 ноябр то 8 ноябри соли ҷорӣ дар мавзӯи «Фаъолияти соҳибкорӣ ва бизнес-нақшаи ТоТ» дар Маркази ҷавонони ҷамоати Дурбати ноҳияи Ҳисор, аз 5 ноябр то 12 ноябр дар Маркази имкониятҳои ҷавонони ноҳияи Данғара, аз 22 ноябр то 27 ноябр дар Чоркӯҳи ноҳияи Исфара тренинг гузаронида шуд. Тибқи нақшаи кории Ташкилоти ҷамъиятии Комёбиҳои ҷавонон дар бахши мазкур дар моҳи январи соли 2011 барои 250 ҷавони бекор тренинг      оид ба «Ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ ва шуғли  ҷавонон» гузаронида шуд. Бояд гуфт, ки мутобиқи Лоиҳаи «Ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ ва шуғли ҷавонони Тоҷикистон» ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба ҷавонони Тоҷикистон қарзҳои хурди кӯтоҳмуддат барои инкишоф додани фаъолияти соҳибкорӣ пешбинӣ шудааст.

Март 3, 2011 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад