МАРКАЗИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ЗОНГ
Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сафорати Ҷопон бо роҳбарияти ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим оид ба лоиҳаи барқарор намудани маркази ҷамъиятӣ шартномаи грантӣ ба имзо расонид. Дар ин бора аз дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Ҳукумати Ҷопон тибқи лоиҳаи кӯмакҳои бебозгашт, дар асоси барномаи кӯмакҳои башардӯстона барои барқарор кардани Маркази ҷамъиятӣ дар ҷамоати Зонги ноҳияи Ишкошим 105 ҳазору 811 доллари амрикоӣ маблағ ҷудо намудааст. Тавассути лоиҳаи мазкур 3 ҳазор нафар аҳолии маҳаллӣ имконияти гирифтани таълими истеҳсолиро пайдо мекунанд. Дар Маркази ҷамъиятӣ касбҳои дӯзандагӣ, косибӣ, омӯзиши компютер таълим дода шуда, аз тарафи ҳуқуқшиносон ба шаҳрвандон ройгон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ низ дода мешаванд. Боис ба ёдоварист, ки Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб дар асоси лоиҳаҳои башардӯстона аз рӯи 263 лоиҳа ба маблағи умумии 18,9 млн. доллари амрикоӣ барои рушди Тоҷикистон маблағ ҷудо намудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






