МУКОЛАМАИ БАЙНИФАРҲАНГИИ ИДМ
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе 17 ва 18 март бори нахуст ҷаласаҳои Раёсат ва Шўрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, машварати ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти соҳавӣ ва семинар дар мавзӯи «Муколамаи байнифарҳангӣ доир ба ҷанбаҳои муҳимтарини таҳсилот» баргузор мегардад. Дар ин чорабиниҳо намояндагони ИДМ –Тоҷикистон, Русия, Украина, Белорус, Молдова, Арманистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон иштирок намуда, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои гуманитариро баррасӣ менамоянд.
Интизор меравад, ки дар кори чорабиниҳои зикршуда муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоев, вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, ёвари Президенти Федератсияи Русия, намояндаи махсуси Президенти ФР оид ба масъалаҳои гуманитарӣ ва ҳамкориҳои давлатҳои ИДМ Поллиева Д. Р., муовини Раиси кумитаи иҷроия ва котиботи иҷроияи ИДМ Бузубаев Т. И., намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Руссия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ, роҳбари шарики Раёсати Фонди байналмилалии ҳамкориҳои гуманитарӣ Швидкой М. Е., Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Федератсияи Русия, раиси Раёсати ФБҲГ, намояндаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Шӯрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии ИДМ Булбул О. П., директори иҷроияи Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии ИДМ Армен Смбатян ширкат варзида, суханронӣ менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






