НАҚШИ ЗАН ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин).- Имрӯз дар факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи 8-уми март-иди Модар конфронс таҳти унвони «Нақши зан дар ҷомеаи муосир» бо иштироки декани факулта Холмаҳмад Самиев, муаллимон ва донишҷӯдухтарони факултаҳои Донишгоҳ баргузор гардид. Дар рафти конфронси мазкур аз тарафи устодону донишҷӯёни Донишгоҳ маърӯзаву суханронӣ сурат гирифта сипас дар васфи модарон шеърҳои пурмазмун қироат гардид. Ташаббускори конфронс раиси бонувони факултаи таърих Умрия Ашӯрмаҳмадова буд. Дар охири конфронс ба муаллимаҳои пешқадам ва доншҷӯдухтарони аълохон аз тарафи раёсати Донишгоҳ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






