ОҒОЗИ ФОРУМ ДАР МАСКАВ

Март 17, 2011 14:46

Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 18 март дар шаҳри  Маскав форуми байналмилалии иқтисодии кишварҳои узви ИДМ таҳти унвони «20 сол дар якҷоягӣ: таҷрибаи ҳамкориҳо ва дурнамо» ба кори худ шурӯъ менамояд.  Форумро раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, сипас дар ҷаласаи нақшавии форум муовини аввали раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Шӯрои иқтисодии ИДМ И.И. Шувалов бо маърӯза баромад менамояд. Дар назар аст, ки дар форуми мазкур ба ғайр аз ҷаласаи нақшавӣ, ҳамчунин, панҷ зерҷаласаи махсус гузаронида  шавад. Ҳамчунин, дар доираи форуми мазкур баргузории барномаи мубоҳисавӣ ва маросими тӯҳфасупорӣ ба пешвоҳои тиҷорати кишварҳои узви ИДМ дар назар аст.  Интизор меравад,  ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи нақшавӣ ва кори зергурӯҳҳо   иштирокчиёни форум қарор қабул менамоянд.  Ёдовар мешавем, ки барои иштирок дар кори форум намояндагони баландпояи мақомоти давлатӣ, доираҳои расмӣ-тиҷоратӣ, олимон, сиёсатмадорон, иқтисоддонҳо аз давлатҳои иштирокчии ИДМ ва коршиносони Шӯрои Аврупоӣ даъват шудаанд. Иттилои мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ дастрас гардид.

Март 17, 2011 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад