ОБ ДАР КӮЗАЮ МО ТАШНАЛАБОН МЕГАРДЕМ
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои сардухтури маркази санитарии давлатии вилояти Хатлон С. Аламов 34 ҳазору 482 нафар сокинони 6 ноҳияи минтақаи Кӯлоб ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, аз ин шумораи аҳолӣ 14 ҳазору 901 нафар ба ноҳияи Восеъ, беш аз 10 ҳазор нафар ба ноҳияи Данғара, наздик ба 5 ҳазор ба ноҳияи Фархор ва 3 ҳазор нафар ба ноҳияи Ҳамадонӣ мансубанд. Боиси тазаккур аст, ки ду – се соли охир тавассути ташкилоти байналмилалӣ ва сарватмандону соҳибкорони маҳаллӣ 65 фоизи аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. Дар ноҳияи Балҷувон танҳо сокинони маркази маъмурии ноҳия бо хати оби ошомиданӣ таъминанд, ки ҳамагӣ 832 нафар аз он истифода менамоянд, боқӣ 25 ҳазор нафар аҳолии ноҳия аз оби чашмасору ҷӯйбор истифода мекунанд. Дар ноҳияи Темурмалик ҳамагӣ 27 фоизи аҳолӣ, дар ноҳияи Шӯрообод – 26, Ховалинг -31 ва дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамагӣ 51 фоизи аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъминанд. Ин дар ҳолатест, ки ҶТ баъди ФР миёни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати захираи об дар ҷои дуюм меистад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






