ОШКОРНАМОИИ 66,6 ФОИЗИ ҶИНОЯТҲО ДАР ДУ МОҲ

Март 17, 2011 09:21

Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Тибқи маълумоти идораҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи  кишвар, ки ба Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст, дар моҳҳои январ —  феврали соли 2011 2 ҳазору 960 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки аз он 2568 ҷиноят аз ҷониби ВКД ҶТ ба қайд гирифта шуд, ки  баробари 86,8 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда мебошад. Мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ дар ин муддат 392 ҷиноят ё 13, 2 фоизи умумии ҷиноятҳоро ба  қайд гирифтаанд.    Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, дар ду моҳи аввали соли 2011 966 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 2,5 баробар зиёд аст.     Ба қайдгирии ҳодисаҳои дуздӣ 4,8 фоиз, ҳуҷуми роҳзанона 2,2 баробар ва қаллобӣ 5,1 баробар зиёд шудааст.    Ҷиноятҳои вобаста ба тайёр кардан, истеъмол, фурӯш ва нигоҳ доштани  маводи нашъадор 23, 4 фоиз, ҷиноятҳои иқтисодӣ 3, 5 баробар зиёд шудаанд.    Ошкоркунии умумии ҷиноятҳо дар моҳҳои январ – феврали соли ҷорӣ 66, 6 фоизро ташкил кард, ки  нисбат ба ҳамин давраи  соли 2010 5,1 фоиз камтар аст.

Март 17, 2011 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад