РАСАДХОНАИ СУФӢ МУБОРАКҚАДАМ

Март 17, 2011 12:04

Хоруғ,  17 март. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дар  Бадахшон  чун   дар дигар  манотиқи  кӯҳистони тоҷик  аз замонҳои  хеле  қадим  фарорасии  Наврӯзро  тибқи  тулӯъ  ва  ғуруби  Офтоб,  сояи  санг ё теғаи  қуллаи  кӯҳҳо,  аз  равзанаи  боми  хонаҳои  аҷдодӣ  ба  ҷойҳои  гуногуни  дохили  хона   расидани  нури  офтоб,  ҳаракат  ва  мавқеи  сайёраҳо  ва  ғайра  муайян  мекарданд. Бешак  кулли тақвимҳо  ихтирои  нафарони  соҳибистеъдоданд.  Сӯфӣ Муборакқадам-   донишманди  тавоно,  шоир  ва  мунаҷҷими  мардумии  охири  асри  19  ва  ибтидои  асри  20 аз  зумраи чунин нафарон буд.   Ба  хотири  омӯзиши  ҷирмҳои  осмонӣ  дар зодгоҳаш  деҳаи  Ямги  водии  Вахони  ноҳияи Ишкошим расадхонаи  саҳроиро  бунёд  намудааст ва  мардум то кунун  аз  он истифода  мебаранд. Суфӣ  Муборакқадам  он  дидбонгоҳ ва  тоқчаҳоеро, ки  тариқи  онҳо  ҳаракати  Офтоб  ва  сайёраҳоро  мушоҳида  мекардааст,  чунин   номгузорӣ  кардааст: «Санги  офтобӣ», «Ҳамалхона», «Дарвоза»,  «Чилласанг». Асбобу  анҷоми  расадхона аз  санги  хоро   сохта шуда,  хеле  оддиянд. Дар  онҳо  аломатҳои  махсус  гузошта  шудаанд. «Санги  офтоб»  дар  маркази  деҳа рӯи  замин   гузошта  шуда,  дар  мобайнаш  сӯрохии  начандон калон  дорад. «Ҳамалхона» болои  санги  дар  теппа воқеъ  ҷойгир аст. Масофаи  байни «Санги  офтобӣ» ва «Ҳамалхона» тахминан 400 метр  аст. «Дарвоза» аз  сутунҳои  сангин  иборат  буда,  дар  сатҳи  шарқии  «Санги  ҳамалхона» воқеъ  гардидааст. «Дарвоза»  ба хотири  мушоҳидаи  эҳтиётию дақиқ ва  муайян  кардани  нишондоди «Ҳамалхона»  хизмат мекунад. «Чилласанг» дар  масофаи  200 метр аз  «Ҳамалхона» ба  самти ғарбӣ ва  300 метр аз  «Санги  офтобӣ» дар  тарафи ҷануб  воқеъ  гардидааст. Мушоҳидаҳо ҳангоми ғуруби  Офтоб  ба  амал  меоянд. Дар  он  фосилае, ки  офтоб аз  хатти  рости сӯрохиҳои   «Санги  офтобӣ» ва «Ҳамалхона» мегузарад,     мушоҳидаҳо низ оғоз меёбанд.   Дар  мавриди  омадани  офтоб  ба  бурҷи  Ҳамал  доираи   он ба  сӯрохиҳо баробар  меояд.  Ҳар  гоҳ  доираи  офтоб  тоқчаҳои «Ҳамалхона» ва  «Санги  офтоб» — ро  пӯшонад,  маълум  мегардад,  ки  офтоб  ба  бурҷи Ҳамал  ворид   гардидааст. Суфӣ  Муборакқадам  вақти  расидани  Офтобро  дар  дувоздаҳ бурҷи  фалак  муайян  карда,  ҳисоби  рӯзҳои  солро,  ки ба  сесаду  шасту  панҷ  рӯз  баробар аст,  ба  узвҳои  одам,  яъне  ба  тақвими  мардумӣ  мувофиқ  кунонидааст.   Ӯ  ҳаракати  ҷирмҳои  осмониро  омӯхта,  ба  ин  восита   дувоздаҳ  бурҷи  фалакро  ба ду  қисм ҷудо намуда, Ҳамал, Сарв, Ҷавзо, Саратон, Асад ва  Сунбуларо  ба  қисми  болоии  дил  монанд кардааст. Ин тақсимбандиро  мунаҷҷим  асосан дар  мавриди  ғуруби Офтоб ба  назар  гирифтааст. Ӯ  ба  хотири  аниқ  муайян   кардани  ҳаракати  Офтоб  сангҳои  иловагӣ — эҳтиётиро  ҷойгузорӣ  намудааст, ки  онҳо   дар рӯзҳое, ки  офтобро  дар  аввали  моҳи  Ҳамал абр  мегирифт,  барои  мушоҳида  истифода  бурда  мешуданд. Асбобҳои  расадхонаи  саҳроии  мунаҷҷими  мардумӣ  аз ҷониби  мутахассисони  босалоҳият санҷида  шуда, дурустии  онҳо  собит гардидааст. Ин  аст, ки  расадхонаи  саҳроии  ӯ  ихтирои  барҷастаи  солшуморӣ  дар  иқлими  Помир  маҳсуб меёбад.        Ин матлаб  аз  китоби  «Оини Наврӯзӣ  дар  Бадахшон» — и  Нисормаҳмад  Шакармаҳмадов аст.

Март 17, 2011 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад