САРМУҲАРРИРИ НАВИ «НАБЗИ ФАЙЗОБОД»
Файзобод, 4 март. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Мунаввара Тағоева аз зумраи аввалин ҷавондухтаронест, ки касби рӯзноманигориро пешаи худ намуда, давоми 35 сол дар рӯзномаи ноҳиявӣ чун котиби масъул фаъолият намудааст. Гарчанде касби рӯзноманигорӣ заҳматталабу пурмасъулият аст, аммо ин зани поксиришт тавонист бо сеҳри сухани воло ба дили ҳазорон нафар шаҳрвандони ноҳия ва берун аз он роҳ ёбад. Мунаввара Тағоева аъзои Иттиҳоди журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соҳиби унвони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ аз ҳизби ҲХДТ вакили ноҳиявӣ низ ҳаст. Чанде қабл дар арафаи Иди модар Мунаввара Тағоева сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Набзи Файзобод» таъин гардид.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






