СЕМИНАР ОИД БА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).-Имрўз дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани фаъолият дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ва васеъ намудани доираи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолии эҳтиёҷманд семинари машваратӣ бо иштироки масъулини соҳа, коршиносҳои байналмилалӣ, роҳбарон ва кормандони шўъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид. Солҳои охир ба ин самт таваҷҷўҳ зиёд шуда, шаклҳои нави хизматрасонӣ пешкаши қишри осебпазири ҷамъият мегарданд. Дар робита ба ин бояд зикр кард, ки дар миқёси ҷумҳурӣ 14 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва будубоши рўзона ва 37 шўъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона амал намуда, ба ниёзмандон зиёда аз 20 намуди хизматрасонии иҷтимоӣ, иҷтимоӣ-равонӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ–тиббӣ, нақлиётӣ, санитарию гигиенӣ, миёнаравию намояндагӣ ва маслиҳатӣ мерасонанд. Айни ҳол дар ин муассисаҳо 656 нафар мутахассисон фаъолият намуда, ба 5194 нафар ниёзмандон хизмати иҷтимоӣ мерасонанд. Дар семинар ҳозирин оид ба паҳлўҳои кор ва он масъулияте, ки ба дўши кормандони ҳифзи иҷтимоӣ вогузор гардидааст, ишора намуда барои баланд бардоштани салоҳияти шўъбаҳо, бартараф намудани монеаҳои самти фаъолият, дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ, роҳҳои бартараф намудани монеаҳо ибрози андеша намуданд. Баргузории ин гуна машварату омўзишҳо дар баробари таҷрибаомўзӣ барои афзун гардонидани малакаи корӣ манфиат мерасонад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон итиллоъ доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид






