ШАРҲИ А. ЁРОВ ОИД БА ВАЗЪИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ

Март 25, 2011 12:18

Шарҳи раис Ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров ба     МУРОҶИАТНОМАИ ШИРКАТИ САҲҲОМИИ  ХОЛДИНГИИ КУШОДАИ       «БАРҚИ ТОҶИК»  ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ТАМИНОТ БО БАРҚ   Ҳамватанони азиз! Воқеан ҳам боиси таассуф аст, ки  вобаста ба носозгориҳои табиат дар арафаи  Иди муқаддаси аҷдодӣ имконияти пурра бо барқ таъмин намудани кишварро наёфтем ва барои ин роҳбарияти Ширкати «Барқи Тоҷик» аз тамоми мардуми шарифи кишвар ва   муштарёни нерўи  барқ маъзарат мепурсад. Гап дар сари он ки ибтидо аз аввали март дар ҷумҳурӣ ҳарорати  ҳаво яку якбора ва ғайричашмдошт паст фуромад. Ин ба таъминоти барқ халали ҷиддӣ расонд. Маълум, ки хунукӣ ҳам талаботро бо барқ ба маротиб афзун намуд ва ҳам боиси кам шудани об дар  маҷрои дарёи Вахш гардид.   Пешгўӣ мешуд, ки дар охири моҳи феврал ва ибтидои март ҳаҷми оби  маҷрои дарёи Вахш  190-220 метри кубӣ дар як сонияро ташкил медод, аммо дар он давра маҷрои дарё 70-80 метри кубӣ дар як сонияро ташкил дод.  Обанбори Норак манбаи асосии захираи энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад ва сатҳи он  то  имрўз 858 метру 37 сантиметрро ташкил медиҳад, ки ин аз сатҳи минималии техникӣ ҳамагӣ 1 метру 37 сантиметр зиёд аст ва аз ин миқдор ҳаррўз 35-40 сантиметр сарф мегардад. Ягона умед алҳол ба табиат аст, ки аз файзу карамаш ҳаво гарм ва об дар маҷрои дарё зиёд гардад. Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати амалӣ шудани дастуру ҳидоятҳои Президенти мўҳтарами кишвар  ва афзалияти сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011, ки эҳтиёҷ бо барқ бештар буд, пайтахти кишвар, марказҳои вилоятҳо, як қатор шаҳрҳои саноатӣ ва марказҳои маъмурии ноҳияҳо пурра бо барқ таъмин буданд ва мардуми деҳот дар давраи аввал 10 соат ва ибтидо аз моҳи декабр 12 соатӣ барқ гирифтанд. Аз 20 феврали соли 2011 бошад, маҳдудияти рўзонаи барқ пурра  барҳам дода шуда буд.  Мутахассисони Ширкат ва кормандони Хадамоти марказии танзим, ки реҷаи интиқоли барқро муайян менамоянд, машғули коранд ва баробари зиёд шудани ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш таъминоти муқаррарии нерўи барқро ба муштариён  барқарор намоянд. Ҳарчанд аз табиат ҳама чизро интизор шудан мумкин аст, ҳамин аниқ аст, ки дигар роҳи бозгашт ба зимистон нест ва дар рўзҳои наздик истеҳсоли барқ зиёд ва таъмини аҳолӣ бо барқ ба  эътидол хоҳад даромад.

Март 25, 2011 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад