ТӮҲФА БА ДОНИШҶӮЁН
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин).- Барои дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва иштирок дар чорабиниҳои наврӯзӣ зиёда аз 5 ҳазор донишҷӯ сафарбар гардида буд, ки аз ин ҳисоб 2500 нафарашро донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил медод. Имрӯз аз тарафи раёсати ДМТ барои рӯҳбаланд намудани донишҷӯёни дар ин ҷашн иштирок дошта ба ҳар кадоми онҳо 50 сомонӣ маблағ чун тӯҳфа дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






