ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

Март 17, 2011 11:03

Душанбе, 17 март. (АМИТ «ХОВАР», Марзия Саидова). — Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки имрӯзҳо дар остонаи истиқболи он қарор дорем, дар пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Дар робита ба таҷлили ин ҷашни фархунда шаҳрдории Душанбе маҷмӯи чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатиро тарҳрезӣ  намудааст. Аз ҷумла,  20 март  шомгоҳон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт консерти идона бо иштироки беҳтарин ситораҳои эстрадаи тоҷик ва ҳунармандони хушсалиқаи ҷумҳурӣ баргузор гардида, соати 12-и шаб ба истиқболи сазовори Наврӯз дар ин ҷо мушакпаронии идона сурат мегирад. Ҷашнгоҳи асосии Наврӯзи ҳуҷастапай дар пойтахт Наврӯзгоҳи Душанбе буда,  21 март дар ин ҷо барномаи театрикунонидашудаи идона пешкаши сокинон ва меҳмонони Душанбе мегардад. Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Убайдулло Раҷабов саркоргардони барномаи идонаи театрикунонидашуда мебошад. Ҳамзамон, 22 март дар Варзишгоҳи марказии пойтахт мусобиқаи  гӯштини миллӣ ва 23 март дар Наврӯзгоҳи пойтахт мусобиқаи варзишии аспдавонӣ ташкил шуда, дар он аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳлавонон иштирок менамоянд. Беҳтарин паҳлавононро тӯҳфаҳои қимматбаҳои идона, аз ҷумла автомобили сабукрави тамғаи хориҷӣ интизор аст. Бояд тазаккур дод, ки шаҳрдории Душанбе бобати дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаҳои варзишии идона наздик ба 90 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардааст.      Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахт 24 март дар сатҳи маҳаллаҳо таҷлил мегардад.

Март 17, 2011 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад