ТАМРИНИ ПАЙВАСТА ДАР «АВИТСЕННА»

Март 10, 2011 15:15

Ҳисор, 10 март. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). — Сафи хоҳишмандони  тамрини бадан дар маҷмааи варзишии «Авитсенна» рӯз то рӯз меафзояд,-иттилоъ доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор. Ёдовар мешавем, ки маҷмааи мазкур  бо ҳиммати    ватандӯстона ва саъю кӯшиши соҳибкор Абдураззоқ Саидов бунёд гардида мавриди истифодаи дӯстдорони варзиш қарор гирифт. Қасри варзишӣ дорои 1 ҳазору 250 ҷойи нишаст буда, дар он баробари гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ низ доир мегарданд. Ду толори дигари ин маҷмаа бо таҷҳизоту воситаҳои ҳозиразамони варзишӣ муҷаҳҳаз буда, дар толори мардона ҳар рӯз  200 нафар ва дар толори занона то 100 нафар метавонанд ба варзиш машғул шаванд.           Боиси тазаккур аст, ки соли сипаригардида варзишгарони ноҳияи Ҳисор соҳиби 66 медал, аз ҷумла 15 медали тилло гардиданд. Футболбозони дастаи «Шодмон»-и Ҳисор  дар мавсими соли равон ба лигаи олӣ роҳхат гирифтанд.

Март 10, 2011 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад