ТАНТАНАҲОИ НАВРЎЗӢ ВА БЎРЁКЎБОНИ ПАНҶАКЕНТ
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Ҷашни Наврӯзи Аҷам имсол бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо тамоми урфу одатҳои аҷдодӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент таҷлил карда шуд. Ин ҷашнвораро мардуми шарифи Панҷакент ба хотири ба феҳрасти ёдгориҳои таърихӣ ворид шудани қадимтарин ёдгории Тоҷикистон — «Саразм» ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ унвон шудани Наврӯз — «Наврӯзи Саразм» унвон карданд. Раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров мардуми ноҳияро бо фарорасии ҷашни бузурги аҷдодӣ табрику муборакбод гуфта, аз дастовардҳову комёбиҳои мардуми шарифи ноҳия ёдовар шуд. Инчунин, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов аз номи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми шаҳри Панҷакентро ба муносибати иди аҷдодӣ муборакбод гуфт. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидбой Зокиров бо ҷашни фархундаи Наврӯз аз номи раиси вилоят Қоҳир Расулзода мардуми шарифи шаҳри Панҷакентро самимона табрик кард. Дар ин танатана ба 4 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат тӯҳфаи пулии яквақтаи Сарвари давлат супорида шуд. Ёдовар мешавем, ки то таҷлили ҷашни фархунда 482 нафар шаҳрванди шаҳри Панҷакент аёдат карда шуда, ба онҳо маводҳои озуқа ва сару либос тӯҳфа карда шуд. Дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ маросими баистифодадиҳии бинои панҷошёна дар кӯчаи Фирдавсӣ ва толори варзишӣ бо тамоми шароитҳояш баргузор гардид. Дар бунёди толори варзишӣ соҳибкор Шаҳобиддин Набиев 450 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ намуд. Дар хонаҳои истиқоматии навбунёд 25 оила бӯрёкӯбон карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






