ТАРАҚҚИЁТИ САНОАТ ДАР ФАРХОР

Март 3, 2011 14:10

Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). —  Дар сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар» раиси ноҳияи Фархор Қ.Каримов зикр намуд, ки корхонаҳои саноатии ноҳия соли 2010-ум  нисбат ба солҳои гузашта  самаранок фаъолият карда, истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.  Дар давоми моҳҳои январ – декабри соли 2010 корхонаҳои саноатии ноҳия ба миқдори 78940,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 10 119 ҳазор сомонӣ ё 14,7 фоиз зиёд мебошад.    Дар ин муддат ҶСШК “Некрӯз” ба миқдори  12 097 ҳазор сомонӣ, ки ин 15,3 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшудаи ноҳияро ташкил медиҳад, маҳсулот истеҳсол намуд. Ҳамин тавр,  ҶДММ  Корпоратсияи “Зиёратшоҳ” ба миқдори 34 425,2 ҳазор сомонӣ ё  43,6 фоиз; ҶДММ “Мухтори С” – 20050 ҳазор сомонӣ ё  25,4 фоиз; Ҷамъияти матлубот 150,5 ҳазор сомонӣ ё  0,2 фоиз, аҳолӣ 12200 ҳазор сомонӣ ё  15,5 фоиз маҳсулот  истеҳсол намуданд.   Бояд гуфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҶСШК “Некрӯз” – 1010 ҳазор сомонӣ ё  9,1 фоиз; ҶДММ Корпоратсияи “Зиёратшоҳ” – 2687,4 ҳазор сомонӣ ё  8,5 фоиз, ҶДММ “Мухтори С” – 4094 ҳазор сомонӣ ё  25,7 фоиз; Ҷамъияти матлубот 150,5 ҳазор сомонӣ, хоҷагиҳои аҳолӣ 2170 ҳазор сомонӣ ё 21,6 фоиз зиёдтар маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Март 3, 2011 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд