ТАРАДДУДИ ВАЗИРОН БА МУҲОКИМАИ ОШКОРО

Март 16, 2011 17:08

 Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — 18 марти соли 2011 дар Душанбе муҳокимаи ошкорои парлумонӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус, 16 март дар ҷараёни иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, қарор қабул гардид. Муҳокимаи ошкорои парлумонӣ дар мавриди иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011 ҷиҳати татбиқи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ  дар кишвар вобаста ба раҳо намудани ҷумҳурӣ аз  бунбасти коммуникатсионӣ гузаронида мешавад.                Амир Катаев, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон зимни шарҳи масъалаи мазкур гуфт, ки  баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ҳамасола зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ мегардад.

Март 16, 2011 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад