ТАЪСИСИ ТАШХИСГОҲИ МАХСУСИ ПОКИСТОН ДАР ҶТ
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дирӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Халид Усмон Қайсар доир гардид. Мақсади вохӯрии мазкур рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ буда, дар мӯҳлатҳои наздик таҳия ва имзои Созишномаи дуҷониба байни Вазорати кишоварзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати хӯрокворӣ ва хоҷагии кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар назар аст. Вазири кишоварзӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро дар рушди соҳаи чорводорӣ, махсусан ҳамкорӣ бо корхонаи муштараки Стар лабораториес ЛТД (Star Laboratories LTD) – и Покистон, ки бо хадамоти байтории вазорат ҳамкории дуҷониба дорад, мусбат арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, ҷонибҳо пиромуни дар ояндаи наздик дар ҷумҳурӣ таъсис додани бахши ташхисгоҳи махсус ва таъмини он бо маводи табобатӣ аз тарафи Ҷумҳурии Покистон мубодилаи афкор намуданд. Инчунин, дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба амалӣ гардонидани лоиҳаҳо оид ба рушди соҳаи чорводорӣ, растанипарварӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маводи табобатӣ ва бозомӯзии кадрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






