ТАСВИБИ БОЗ ЯК СОЗИШНОМА ДАР БАХШИ ҲАМЛУ НАҚЛ
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 16 марти соли 2011 дар иҷлосияи дуюм Созишнома оид ба интиқоли байнисарҳадии одамон, воситаҳои нақлиёт ва молҳо дар доираи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказиро ба тасвиб расонид. Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни тавзеҳи санади мазкур гуфт: Созишнома, ки ҳадафаш рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ тавассути системаи нақлиётию коммуникатсионӣ мебошад, соли 2010 дар Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Қирғизистон ба имзо расидааст. Мақсади Созишнома ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишварҳо буда, он ба беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ зимни интиқоли байнисарҳадии шахсон, воситаҳои нақлиёт ва молҳо, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ, афзоиши шумораи сайёҳон, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бахши гумрукӣ ва соддагардонидани амалиёти гумрукӣ мусоидат менамояд. Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров санади мазкурро муҳим арзёбӣ карда гуфт, ки агар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа чунин Созишномаро ба имзо мерасонид, ин дар пешрафт ва устувор гардонидани иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти сатҳи рӯзгори аҳолӣ мусоидат менамуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






