ТАВАҶҶӮҲИ ХОСАИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА СОҲАИ МАОРИФ

Март 25, 2011 12:00

Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дар деҳаи Ҷавонии ҷамоати Палдораки  ноҳияи  Мастчоҳ   мактаби замонавӣ иборат аз 8 синфхона ба истифода дода шуд. Сохтмони мактаби мазкур аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Аъзам-2»-и ноҳияи  Мастчоҳ   бо сарфи 1 млн. 319 ҳазор  сомонӣ  барои 240 хонанда дар як баст анҷом ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 24 март дар маросими баистифодадиҳии ин мактаб иштирок карда, аз синфхонаҳо дидан намуд ва ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, хонандагонро ба хондани хубу аъло ҳидоят намуд. Бояд гуфт, ки муҳассилини ин деҳа қаблан дар мактабе, ки дар  замони Шӯравӣ бунёд ёфта, ҳамагӣ дорои 4 синфхона буд, то синфи 8 таҳсил намуда, минбаъд таҳсилро дар маркази ноҳия, ки аз деҳа 3 километр дур буд, давом медоданд. Мавриди тазаккур аст, ки дар шафати мактаби нав майдонча ва толори бузурги варзишии дорои тамоми лавозимоти варзишӣ низ мавриди истифода қарор гирифт. Мактаб дорои синфхонаи компютерӣ ва кабинетҳои фаннӣ буда, 240 нафар хонанда дар он таҳсил менамоянд.

Март 25, 2011 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад