УМРИ ДУРӮҒ КӮТОҲ АСТ

Март 3, 2011 11:55

Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 2 марти соли ҷорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Синои пойтахт шаҳрвандон Юсуфалӣ Худойқулов ва Барно Нодироваро дастгир намуданд. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, номбурдагон бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Акрам Ҳалимов даромада, манзили истиқоматии ӯ, воқеъ дар кӯчаи Ҳуснобод, хонаи  53-ро ба маблағи 70 000 доллари ИМА нархгузорӣ карда баъди гирифтани маблағ ғайб задаанд. Инчунин, Ю. Худойқулов моҳи феврали соли 2009 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Ишонҷон Мақсудов даромада автомашинаи  тамғаи «Lexus- 350»-и ӯро, ки арзишаш 50000 доллари ИМА-ро ташкил медод, гирифта ваъда додааст, ки фурўхта маблағашро бар мегардонад. Оид ба  ҳодисаҳои мазкур чораҳои зарурӣ дида  мешаванд.

Март 3, 2011 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд