ҒОЛИБОНИ ГӮШТИНИ ЮНОНӢ-РУМӢ МУАЙЯН ШУДАНД

Апрель 1, 2011 17:44

Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшода  Ҷонмардова). – Мусобиқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонон оид ба гӯштини юнонӣ- румӣ  санаи 30- 31 марти соли ҷорӣ дар толори ҷашнии шаҳри Чкалов ба анҷом расид. Ёдовар мешавем, ки дар рафти мусобиқаи мазкур 79  нафар варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат варзида, ғолибони қувваозмоӣ дар вазнҳои  50 кг Темуров Фазлиддин аз шаҳри  Душанбе, Маҳмудов Бахтовар аз  шаҳри  Истаравшан, дар вазни 55 кг  Ашӯров Азиз  шаҳри Душанбе,  Абдуллоев Исфандиёр аз шаҳри Қайроққум, дар вазни 60 кг Ҳоҷиев Сӯҳроб аз шаҳри  Истаравшан,  Саиднуриддини Ғиёсиддин аз шаҳри Душанбе, дар вазни  66 кг  Муҳаммад Нӯъмонзода аз шаҳри Душанбе,  Тӯйчиев Беҳрӯз аз шаҳри Душанбе, дар вазни 74 кг  Исҳоқов Сарвар аз шаҳри Истаравшан,  Раҳматуллоев Камолиддин аз  шаҳри  Душанбе, дар вазни 84 кг Эгамбердиев Нозим аз шаҳри Душанбе,  Икромов Исфандиёр аз шаҳри Истаравшан, дар вазни  96 кг Назарбекзода Фаридун аз шаҳри Хуҷанд,  Қобилҷони Пираҳмад  аз шаҳри Душанбе, дар вазни 120 кг Зуҳуров Акбаршоҳ аз шаҳри Душанбе,  Алиев Абубакр аз шаҳри Истаравшан муайян гардиданд. Иттилои мазкур аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид.  

Апрель 1, 2011 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд