ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ДОИМИИ САҲА

Апрель 19, 2011 16:19

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). —  22 апрели соли ҷорӣ Котиби генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (САҲА) Николай Бордюжа бо котиби генералии СММ Пан Ги Мун, ки дар чаҳорчӯби сафари худ ба Федератсияи Русия ҳамчунин дар ҷаласаи васеи Шӯрои доимии назди САҲА иштирок ва суханронӣ менамояд, мулоқот мекунад. Ба ҷаласаи Шӯрои доимӣ, ки дар он намояндагони узви давлатҳои САҲА ширкат меварзанд, раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедов, Котиби генералии ЕврАзЭс Тоир Мансуров, сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Арманистон,  Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон даъват шудаанд. Ҳамчунин, роҳбарияти котибот ва ситоди мутаҳидшавии САҲА, раисони кумитаҳо оид ба корҳои ИДМ, оид ба корҳои байналмилалӣ, оид ба амнияти парлумони давлатӣ, шӯрои федералии Федератсияи Русия, намояндагони ВКХ Русия даъват шудаанд. Дар ин бора ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» котиби матбуотии САҲА Владимир Зайнитдинов хабар дод.      

Апрель 19, 2011 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд