БАРРАСИИ МАСОИЛ ОИД БА 20-СОЛАГИИ ИДМ

Апрель 19, 2011 16:06

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). —   Дар мулоқоти  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Котиби иҷроияи  ИДМ Сергей Лебедев  масоили  вобаста  ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои узви ИДМ, инчунин масъалаҳои дигари марбут ба иҷрои нақша- чорабиниҳои вобаста ба  таҷлили сазовори 20- солагии таъсисёбии ИДМ, ки ба давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори  ИДМ  рост меоянд,  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Оқил Оқилов омадагию ҳавасмандии Тоҷикистонро баҳри вусъати ҳамгироиҳои ҳамаҷониба дар доираи ИДМ, бахусус дар бахшҳои иқтисоду энергетика, сармоягузорӣ, маорифу фарҳанг, иттилоот ва илму техника изҳор дошта таъкид кард, ки Тоҷикистон ӯҳдадориҳои хешро дар соли раёсати худ дар ИДМ дар сатҳи баланд ба иҷро хоҳад расонид.

Сергей Лебедев иҷрои ӯҳдадориҳои Консепсияи ИДМ — ро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд арзёбӣ карда бо итминони комил таъкид дошт, ки чорабиниҳои пешбинишудаи ИДМ дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ва сазовор баргузор хоҳанд шуд.       Дар мулоқот дигар масоили мавриди тавваҷӯҳи ҷонибҳо қарор дошта низ баррасӣ шуданд.

Апрель 19, 2011 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад