ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН ДАР ФУРУДГОҲ
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз рўи барномаи таъмини ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ бо роҳбарияти Иттиҳодияи маъюбони ҷумҳурӣ вохўрӣ баргузор гардид. Ташкил, муҳофизат ва таъмини бехатарӣ дар истеҳсолот новобаста аз шакли моликияти корфармо бояд дар асоси қонунҳои ҷорӣ амалӣ шаванд, гуфт муовини директори генералии фурудгоҳи Душанбе Азиз Иброҳимов. Фурудгоҳи Душанбе объекти реҷавӣ буда, воситаҳои истеҳсолот касбияти махсусро тақозо менамояд. Ташкили меҳнат дар фурудгоҳ бастбайъ буда кор шабонарўзӣ ба роҳ монда шудааст. Меҳнати шабонарўзӣ аз ҷониби шўъбаи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар асоси нишондоди Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонун дар бораи «Ҳифзи иҷтимоии маъюбон» амалӣ мешавад. Мутобиқи Қонуни мазкур маъюбоне, ки дар истеҳсолот кор мекунанд, бояд 6 соати корӣ дошта, имтиёзҳои дигар, чун ба корҳои шабона ҷалб нашудан ва дар рўзҳои истироҳат ба кор даъват нашудан бояд риоя шаванд. Дар фурудгоҳи Душанбе алъон 16 нафар маъюб ба корҳои гуногун машғуланд. Дар рафти вохўрӣ шароити меҳнат, пардохти музди меҳнат, реҷаи вақти кор ва истироҳат, давомнокии рухсатиҳои меҳнатии маъюбон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Маълум гардид, ки то имрўз ба маъюбоне, ки дар фурудгоҳи Душанбе ба кор машғуланд, имтиёзҳои мавҷуда вобаста ба шароити меҳнат, пардохти музди меҳнат ва дигар имтиёзҳои пешбинишуда риоя гардида, аз ҷониби маъюбон шикоят нарасидааст. Раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони ҳавопаймоӣ Хушвахтов М. иброз дошт, ки маъюбон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти корхона қарор доранд ва бо назардошти имконият ҳамеша ҳуқуқҳои онҳо таъмин мешаванд.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






