Э.РАҲМОН: «ҲАДАФИ ҚОНУН-БОЛО БУРДАНИ МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ВОЛИДАЙН»

Апрель 9, 2011 11:03

Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — «Тарбияи кӯдак дар асоси ҷаҳонбинӣ, дониш ва арзишҳои маънавии падару модар сурат гирифта, инъикосгари шахсияти падару модар дар тафаккури кӯдак мебошад», — тазаккур дод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар машварати натиҷагирии муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки 8 апрели ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Президент идома дод, ки ба ҳамин хотир дар қонуни мазкур масъалаҳои хеле муҳими тарбияи насли наврас ба назар гирифта шудааст, то ин ки мо тавонем дар ҷомеаи имрӯза кӯдакони солим ва боодобу фозилро тарбия намоем. Агар мо имрӯз насли дорои ахлоқи ҳамида ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти сангини иҷтимоиву фарҳангӣ   дучор меояд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин қонун масъулияти асосӣ ба зиммаи оила аст, ба ибораи дигар хонавода масъули аслии тарбияи кӯдак мебошад. Ба андешаи мо дар сурате волидайн  масъул шуда метавонанд, ки онҳо худ тарбияёфта бошанд ва роҳҳои тарбияро донанд. Тарбияи фарзанд дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ пеш аз ҳама аз муҳити хонаводагӣ сарчашма мегирад. Агар фарзанд аз овони кӯдакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъдаи худ ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардад ва дар ҷомеа мавқеи худро пайдо карда наметавонад.  «Мувофиқи анъанаҳо ва мероси ахлоқие, ки аз табиати мардуми мо бармеояд, эҳтироми волидайн, нигоҳубини онҳо дар пиронсолӣ яке аз рукнҳои асосии тарбия маҳсуб меёбад. Дар тӯли асрҳо ин ба меъёри ахлоқии миллати тоҷик табдил ёфтааст. Қонунгузории ҷумҳурӣ фарзандро низ ӯҳдадор менамояд, ки волидайнро ҳангоми пиронсолӣ дастгирӣ кунад.  Вале таҳлил ва мушоҳидаҳо далели онанд, ки ҳанӯз ҳам баъзе падару модар барои бо таҳсил фаро гирифтани фарзандон монеъ мешаванд ва онҳоро дар синну соли наврасӣ ва ташаккули шахсият ба корҳои вазнини ҷисмонӣ ва аз мактабу таълимгоҳ берун сафарбар менамоянд», — изҳори ташвиш кард Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат зикр намуд, ки: «Баъзан падару модар ҳангоми бо таҳсил дар муассисаҳои гуногун фаро гирифтани фарзандонашон масъулияти таълиму тарбияро ба зиммаи ин муассисаҳо вогузор мекунанд ва дар ҳолати сар задани ҳар гуна қонунвайронкунӣ мактабу донишгоҳҳоро гунаҳкор меҳисобанд. Мо имрӯз наврасоне дорем, ки ба хурдсолии худ нигоҳ накарда, бо дастовардҳои варзишӣ ва комёбиҳои илмии худ дар озмунҳои байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро парафшон мекунанд. Албатта, ҳамаи фарзандон ба чунин комёбиҳо ноил намегарданд, вале мо ақаллан тавонем, ки фарзандонро бомаърифат, соҳибкасб, дар рӯҳияи муҳаббат ба илму дониш, ифтихор аз илму фарҳанги пурғановати миллат, худшиносӣ ва ватанпарастӣ тарбия намоем».  Зикр намудан ба маврид аст, ки мақсад аз таҳияи ин қонун ҷавобгар кардани волидайн ва масъулини тарбия нест. Балки тавассути ин қонун Ҳукумат ният дорад, ки масъулият, мақому манзалати падару модарро дар ҷомеа бештар гардонад, ҳар як падару фарзандро тавре тарбия намояд, ки ӯ ба номи бошарафи падару модар ва миллати хеш иснод наорад. 

Апрель 9, 2011 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд